Трамп аз интиқоли низоми "Патриот" ба Украина хабар дод

Президент Доналд Трамп эълом кард, ки ба Украина низоми зиддимушакии "Патриот" мефиристанд ва маблағи онро Иттиҳоди Аврупо мепардозад. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.

Ба гуфтаи Трамп, Украина барои дифои худ ба низоми “Патриот” эҳтиёҷ дорад. "Путин нарм суҳбат мекунаду бегоҳи ҳамон рӯз ҳамаро бомбаборон мекунад,"-гуфт президенти Амрико дар Вашингтон. Аммо раиси ҷумҳури Амрико нагуфт, ки ба Украина чанд низоми зиддимушакии “Патриот” медиҳанд.

Дар назар аст, ки имрӯз Доналд Трамп дар бораи ҷанги Украина “изҳороти муҳим” диҳад. Пойгоҳи Axios менависад, президенти ИМА интиқоли бастаи нави силоҳҳо ба Украина, аз ҷумла мушакҳои дурпарвозро эълон мекунад.

Ба гуфтаи манобеи ин Axios, ба Украина мушакҳое дода мешавад, ки метавонад ба дохили Русия, аз ҷумла Маскав зарба занад. Ин хабар то ҳол расман тасдиқ нашудааст.

Шаби 14-уми июн Русия бо 136 паҳпод ба Украина ҳамла кард. Ба иттилои артиши Украина, 28 паҳпод ба ҳадаф расиданд. Дар ин ҳамла низомиёни рус аз мушакҳо низ истифода кардаанд.