"Ташаббуси" нави Володин: аз муҳоҷирон барои патент пули бештар гирифта шавад

Вячеслав Володин

Дар порлумони Русия тарҳи санадеро баррасӣ мекунанд, ки зоҳиран хароҷоти муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик барои гирифтани патентро зиёдтар мекунад. Владимир Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки тарҳи санади мазкур рӯзи 15-уми июл дар нишасти вакилони мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бар асоси он, муҳоҷир маҷбур мешавад, ки барои гирифтани патент ва ё иҷозаномаи кор, дароз кардани муҳлати он, гирифтани нусхаи патент ва ё ворид кардани тағйирот ба он аз 2100 то 4200 рубли иловагӣ бисупорад.

Владимир Володин афзудааст, ки тарҳи санади нав имкон медиҳад, “бар иловаи афзудани пул дар буҷаи давлат, назорати муҳоҷирон сахттар шавад, ҷойи воқеии иқомати онҳоро муайян кунанд ва дар ниҳоят муҳоҷирати ғайриқонунӣ кам шавад.”

Бар иловаи ин ҳама пешниҳод шудааст, ки ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи хориҷиён аз ҷумла муҳоҷири корӣ дар ҷойи зист, дароз кардани мӯҳлати иқомати онҳо боло бурда шавад. Дар як соли ахир Думаи давлатии Русия на камтар аз 20 санад ва қонунеро қабул кард, ки шарту шароити зиндагиву кори муҳоҷиронро дахл дорад ва онро маҳдуд ва ё сахттар мекунад.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, пайваста бардоштани мавзуи муҳоҷират дар Думаи давлатӣ талоше барои дур бурдани афкори умуми Русия аз мушкилоти афзояндаи дохилӣ ва бахусус ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки ҷони сарбозони ҷавони зиёдеро мегирад. Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони тоҷик аст ва дар он бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раиси сиёсати муҳоҷирати Приморйе: «Бе муҳоҷирон аз дасти мо коре намеояд»Роҳҳои дурусти муҳоҷират ба Олмон кадоманд ва харҷаш чӣ қадар аст? Боздошти 4 пулиси рус барои фурӯши маълумот дар бораи муҳоҷирон