То замоне, ки Ғарб бо шартҳои пешниҳодкардаи Маскав барои гуфтугӯи сулҳ розӣ нашавад, Владимир Путин ҷанг дар Украинаро қатъ намекунад. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" бо такя ба се манбаи наздик ба Кремл гузориш додааст.
Ба иттилои хабаргузорӣ, Путин ҳарфҳои ахири Доналд Трамп дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои бештарро ҷиддӣ намегирад.
Ҳамсуҳбатони "Ройтерс" гуфтаанд, Владимир Путин бовар дорад, ки иқтисод ва артиши Русия пурқувват ҳастанд ва дар баробари маҳдудиятҳои кишварҳои Ғарбӣ муқобилият карда метавонанд.
Рӯзи 14-уми июл Доналд Трамп, президенти Амрико эълон кард, ки ба Украина силоҳҳои бештар мефиристад. Трамп ҳушдор дод, ки агар Русия давоми 50 рӯз ба сулҳ мувофиқат накунад, ҳамкорони тиҷории Маскавро таҳрим мекунад.
Се манбаи огоҳ ба "Ройтерс" гуфтаанд, Владимир Путин зери фишори Ғарб ҷангро қатъ намекунад, чун бовар дорад, ки Русия тавони муқобила бо таҳримҳои бештари Ғарбро дорад.