Дар Олмон мурофиаи табибе шуруъ мешавад, ки 15 беморашро куштааст

Дар шаҳри Берлини Олмон як табиберо муҳокима мекунанд, ки дар куштори барқасдонаи 15 муштариаш гунаҳгор мешавад. DPA менависад, табибе, ки бо методи паллиативӣ ё таскинбахш кор мекард, гуноҳи худро эътироф намекунад.

Дар мурофиа бояд назари 150 шоҳид пурсида шавад. Шояд мурофиаи додгоҳӣ то январи соли 2026 идома кунад. Табибро бар асоси шикояти хешовандони 13 қурбонӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Исми табиби гумонбар нашр намешавад.

Аз ин пеш Би-би-си бо такя ба хулосаҳои тафтишот навишт, ки барои куштани муштариёнаш ин табиб аз маҷмӯи маҳлули омодашуда аз омехтаи маводи доруворе истифода мекард ва дар баъзе ҳолатҳо барои пӯшонидани изи ҷиноят хонаҳои беморонро оташ мезад.

Дар фосилаи солҳои 2021 то 2024 ҳадди аққал 12 зан ва се марди бемор қурбонии ин табиб шудаанд. Ин шахсони 25 то 94-сола ҳама дучори бемориҳои табобатнашаванда ва марговар буданд ва бо ҳамин сабаб ба табиби таскинбахш муроҷиат карданд.

Додситонӣ маълум кардааст, ки табиб бидуни огаҳӣ ва ризоияти беморон ба хуни онҳо доруҳои дардкуше ворид мекард, ин дору мушакҳоро фалаҷ ва нафаскашии инсонро қатъ мекарду боиси дар чанд дақиқа мурдани инсон мегардид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Табибро бояд "розӣ" кард, вале на бо пул! Мурофиаи "теғзанӣ"-и ду табиб дар Восеъ