Додгоҳи вилояти Суғд, профессор ва ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо гуноҳи ришваситонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми июл хабаргузории “Азия Плюс” гузориш дода, гуфтааст, ки устоди улуми таърих Аюб Усмонзодаи 53-сола ба гирифтани ришваи зиёд гунаҳкор дониста шудааст. Ҳукми ӯ рӯзи 26-уми июн содир шудааст. Маълум нест, профессори тоҷик аз кӣ ва чӣ қадар пора гирифтааст.
Назари вакили дифои Аюб Усмонзода маълум нест, вале дар гузашта ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ба шавҳараш бадӣ кардаанд” ва хонаводааш умед дорад, ки ӯро озод мекунанд. Аюб Усмонзода моҳи апрели соли 2022 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъйин шуд ва моҳи майи имсол ӯро аз мақомаш озод гирифтанд ва сабаби сабукдӯш карданашро ҳам нагуфтанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
7 соли ҳабси Аюб Усмонзода - ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Ректори собиқи яке аз донишгоҳҳои бузургтарини давлатии Тоҷикистонро моҳи марти имсол дастгир карданд ва аз он замон то кунун ҳамеша парвандаи ӯро махфӣ нигаҳ доштаанд. Аммо моҳи феврали ҳамин сол раёсати идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки ба гуфтаи идора, ришваситониву фасод дар он авҷ гирифтааст.
Дар ин донишгоҳ ба қавли мақомот, танҳо дар соли гузашта тақрибан 50 мавриди ришвахориву пораситониро ошкор кардаанд. Аюб Усмонзода чанд вақт баъд аз боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастгир шуд. Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июни соли 2025 дар боздоштгоҳ даргузашт ва сабаби марги ӯро бемории қалб гуфтанд.