Намояндагони Сурия ва Исроил дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз наздик вохӯрдаанд. Ба гузориши хабаргузории AFP, ин дидор дар ҷараёни сафари Аҳмад Шаръ, раиси ҷумҳури муваққати Сурия ба Озарбойҷон анҷом шудааст.
Хабаргузории AFP аз қавли манобеаш дар ҳукумати Сурия навиштааст, Аҳмад Шаръ дар вохӯрии рубарӯ бо намояндагони Исроил ширкат накардааст. Сабаб "ҷиноятҳои ҷангии ахири Исроил дар Сурия" гуфта шудааст.
Баъди суқути ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024, Исроил ба маконҳои ҳарбии Сурия садҳо ҳамла анҷом дод. Исроил ҳамчунин неруҳояшро ба минтақаи бетараф бо Сурия фиристод, ки зери назорати Созмони милал буд.
Аҳмад Шаръ баъди соҳиби қудрат шудан дар Сурия, борҳо гуфтааст, ки Димишқ нияти ҷанг бо ҳамсояҳоро надорад. Аммо Исроил бо назардошти гузаштаи Аҳмад Шаръ дар гуруҳҳои террористӣ, ба ҳарфҳои ӯ нобоварӣ изҳор кардааст.
Охири моҳи июн Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил гуфт, кишвараш ба одисозии равобит бо Сурия ҳавасманд аст.